- баровардан
- [برآوردن]1. берун кардан, берун овардан; муқоб. даровардан; овоз баровардан садо додан, гап задан; сар баровардан а) сар берун кардан; б) пайдо шудан, намоён гардидан2. хориҷ намудан, бадар кардан; аз кор баровардан а) аз кор хориҷ кардан; б) маҷ. вайрон кардан, хароб кардан, ғайри қобили истифода сохтан3. боло бурдан, баланд кардан; бурдан; ба кор баровардан ба сари кор ҳозир кардан, ба кор сафарбар намудан4. истеҳсол кардан5. хонда ба маънояш сарфаҳм рафтан; хонда маънидод карда тавонистан6. нашр кардан: рӯзнома баровардан варақа баровардан; духтар баровардан духтарро бо тӯю сур ба шавҳар додан; мондагиро баровардан осори хастагиро бартараф кардан, мондагиро рафъ кардан, дам гирифтан; мурда баровардан мурдаро гӯрондан, дафн кардан, гӯру чӯб кардан; нағзак баровардан ба бемории нағзак дучор шудан; об баровардан ҷӯю канал канда, об ҷорӣ кунондан; савод баровардан саводнок кардан (шудан), соҳиби савод кардан (шудан); таб баровардан баланд шудани ҳарорати бадан, таб кардан; хулоса баровардан ба хулосае омадан, натиҷа гирифтан; хун баровардан а) ҷорӣ ё резондани хун ба воситаи раг задан; б) д. ҷонвареро кушта, худоӣ ё садақа кардан; ҳоҷат баровардан эҳтиёҷи касеро рафъ кардан; аз гумони бад баровардан рафъи бадгумонӣ кардан, бадгумониро бартараф сохтан; аз дил чизе баровардан чизеро фикр карда ёфтан; чизеро аз худ бофтан◊ ном баровардан машҳур шудан, шӯҳрат ёфтан, маъруф гардидан, овоза баровардан; ғубори дил баровардан кудуратро бартараф кардан; ғаму ғуссаро фаромӯш кардан, қусури чизеро баровардан товони чизеро гирифтан, талофӣ кардан, ба бадали коре (чизе) коре кардан, ки ҷои онро гирад; ҷони касеро баровардан а) ҳалок (нобуд) кардан; б) бисёр ба танг овардан; аз роҳ баровардан бероҳа кардан, аз роҳ задан; касеро гумроҳ кардан, ба корҳои бад талқин намудан; аз хотир (ёд) баровардан фаромӯш кардан; гард аз чизе баровардан несту нобуд кардан, маҳв кардан; димор аз рӯзгори касе баровардан касеро куштан, маҳв кардан, ҳалок намудан; чизеро аз дили касе баровардан а) ногуворӣ ва ё нохуширо фаромӯш кунондан; б) кинаро бартараф кунондан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.